Раисҷумҳур дар СММ аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон ва роҳҳалҳои он мегӯяд

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 76 - уми Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умурии хориҷӣ иштирок дорад

Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар 76 – умин Ассамблеяи генералии СММ, тариқи онлайнӣ суханронӣ хоҳад кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, иҷлосияи 76 – уми Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 21 сентябр, таҳти роҳбарии Президенти Малдив, Абдулло Шоҳид ба кор шурӯъ кард.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суханронии худ аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон ва пайдо кардани роҳҳалҳои он ҳарф мезанад.

Қобили зикр аст, ки намояндагони кишвар дар ин иҷлосия бо роҳбарии вазири умуи хориҷӣ, Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Ёдовар мешавем, ки кори иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои Дабири кулли СММ, Президенти иҷлосияи 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз карда, то моҳи сентябри соли оянда идома меёбад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад