Духтарони афғон бояд ҳарчӣ зудтар ба мактаб боз гарданд

"Ҳомид Карзай", раиси ҷумҳури пешини Афғонистон бо дифоъ аз ҳаққи таҳсилу омӯзиши духтарон ва занони Афғонистон таъкид кард, ки онҳо ҳарчӣ зудтар бояд ба мактаб боз гарданд.

 

“Ҳомид Карзай”, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон бо дифоъ аз ҳаққи таҳсилу омӯзиши духтарон ва занони Афғонистон таъкид кард, ки онҳо ҳарчӣ зудтар бояд ба мактаб боз гарданд.

Ба гузориши хабарнигори сайти “Афғонистон”, “Ҳомид Карзай”, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, ки духтарони афғон бояд ҳарчӣ зудтар ба мактаб боз гарданд ва таъкид кард, ки ин мавзӯъе аст, ки вай ба шиддат аз он ҳимоят мекунад.

“Ҳомид Карзай”, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии “Haberturk” Туркия гуфт, ки Афғонистон бидуни занони таҳсил карда кишвари мураффаҳе нахоҳад буд.

Вай гуфт: «мо аз ин мавзӯъ (таҳсили занон) даст наме кашем.»

Бештари мактабҳои пойтахти Кобул пас аз рӯйи кор омадани гуруҳи Толибон дар моҳи гузашта таътил шуданд. Мактабҳои миёнаи писарона ҳафтаи гузашта бозгушоӣ шуд, аммо духтарон аз рафтан ба мактаб маҳрӯм монданд.

Пас аз вокунишҳо ба ин иқдом, мақомоти гуруҳи Толибон эълом кардан, ки духтарон қодир хоҳанд буд дарс бихонанд, аммо дар синфҳои ҷудогона.

Гуруҳи Толибон, ҳамчунин эълом карданд, ки барои муҳаё шудани шароит барои таҳсили занон ва кор кардан ва бозгашти онҳо ба ҷомеъа талош мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Умрон Хон, нахуст вазири Покистон низ дар вокуниш ба маҳрӯмияти духтарони афғон аз таҳсил аз сӯи гуруҳи Толибон гуфт, ки «ин тафаккур, ки занон набояд таҳсил кунанд, ғайр исломӣ аст ва ҳеҷ рабте ба Дин надорад.»

Умрон Хон, аз бузургони гуруҳи Толибон хост, то як ҳукумати ҳама шумул ташкил диҳанд ва ҳушдор дод, ки агар Толибон муваффақ ба ташкили чунин ҳукумате нашаванд, “дер ё зӯд”, ҷанги дохилӣ дубора дар Афғонистон оғоз хоҳад шуд ва ин сабаби эҷоди «бе саботӣ ва ҳарҷу мараҷ» дар ин кишвар шуда ва Афғонистон ба як «макони дилхоҳи» террористҳо мубаддал мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад