20 санади ҳамкорӣ дар интизори сафари Путин ба Тоҷикистон

Дар сафари расмии Путин ба Тоҷикистон қарор аст, ки 20 санади ҳамкорӣ ба имзо барасад.

Хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки Владимир Путин, президенти Русия  15 сентябр бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд ва қарор аст 20 санади ҳамкорӣ ба имзо бирасад.

Дар шаҳри Душанбе сарони давлатҳо нахуст ҷудогона “як ба як” суҳбат намуда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи кишварҳо баргузор мешавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунид имзои зиёда аз 20 санади ҳамкорӣ дар назар аст, ки ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои стратегии шарикӣ ва иттифоқчигӣ байни Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия ҳамчунин дар маросими маҷозии санги асос гузоштан ба оғози сохтмони панҷ мактаби таълимашон бо забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзода иштирок мекунанд.

Президентҳои Тоҷикистону Русия дар дидорҳои гузаштаи худ як қатор санади ҳамкорӣ имзо кардаанд ва ҳоло хабарҳо ҳикоят аз он дорад, ки санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар гирифта шудааст ва қарор аст бо баррасии ду кишвар ба имзо бирасад ва арсаҳои нави муносиботи дуҷониба байни ду кишвар шакл бигирад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вахим шудани шароити марзии Тоҷикистон ва шароити бади вазъи Афғонистон ба назар мерасад, ки дар 20 санади ҳамкорӣ гоми ҷадид барои амнияти марзии Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст, зеро Русия яке аз муҳимтарин шарикҳои стратегии Тоҷикистон ба ҳисоб меояд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад