Табрики Толибон ба мардуму мақомоти Узбекистон

Сухангӯи сиёсии Толибон сиюмин солрӯзи истиқлолияти Узбекистонро ба мардуму мақомоти ин кишвар табрик гуфт.

Ба нақл аз Gazeta.uz Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, сухангӯи сиёсии Толибон зимни ирсоли паёми табрик ба Вазорати хориҷаи Узбекистон, сиюмин солрӯзи истиқлолияти ин кишварро ба мардуму мақомоти Узбекистон табрик гуфт.

Сухангӯи сиёсии Толибон дар паёми табрики худ навишт: “Ба мақомоту мардуми кишвари бародар Узбекистон сиюмин солрӯзи истиқлолиятро аз самими қалб табрик мегӯям.”

Мо хостори барқарории равобити пурсамару дӯстона бо Узбекистонии ҳамсоя ҳастем. Ҳамчунин алоқамандаии худро барои идомаи иҷрои тарҳҳои зербиноӣ дар Афғонистон бо ҳузури Узбекистон аз ҷумла сохти хатҳои роҳиоҳанӣ ва интиқоли барқ иброз медорем.

Боз дар паём омадааст, ки Афғонистон дар ин роҳ ба ҳамкорони узбек тамоми кумакҳои мавриди ниёзро ироа хоҳад намуд.

Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъаи гузашта таъкид кард, ки Узбекистон гуфтугӯро бо Толибон аз ду соли пеш оғоз кардааст. Он замон ҳеҷ кишваре бо онҳо равобит надоштанд. Вай гуфта буд, ки дастур додам бояд равобит барқарор гардад. Ин ҳаракати сиёсӣ дар Афғонистон ба мо тааҳҳуд додаанд, ки ба қаламрави Узбекистон ҳамла намекунанд, ҳатто як гулӯла ҳам ба тарафи Узбекистон шиллик намешавад. Барои анҷоми инчунин ваъдаҳо бо Толибон гуфтугӯ мекунем.

Баъзе аз мақомоту ниҳодҳои Узбекистон расман ҳамчун президент ҷонибдории худро аз Толибон пас аз рӯи кор омадан эълон кардаанд. Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон омадааст: “Узбекистон эъломияи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон-ро дар бораи омодагӣ ба таъсиси ҳукумати фарогир дастгирӣ мекунем ва умедворем, ки дар чаҳорчӯби музокироти байни афғонҳо дар Доҳа сулҳи ҳамаҷониба ба даст оварда шавад.”

Намояндагии дипломатии Узбекистон изҳори умедворӣ кардааст, ки интиқоли қудрат дар Афғонистон ба таври осоишта дар асоси як маҷлиси умумӣ ва тибқи меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ сурат мегирад. Ҷониби Узбекистон бори дигар содиқ буданашро ба нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек бо Афғонистон ва принсипҳои дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсоя тасдиқ мекунад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад