Путин: Дар умури Афғонистон дахолат намекунем!

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ки кишвараш нияти дахолат дар умури дохилии Афғонистон ва ё мушорикати низомӣ дар даргириҳои он кишварро надорад.

Путин ин матлабро рӯзи сешанбеи 24-уми август дар мулоқот бо масъулини ҳизби ҳокими Русия баён кард. Ӯ гуфт, “ба таври мушаххас, мо дар умури дохилии Афғонистон нияти дахолатро надорем ва ҳатто намехоҳем, ки нерӯҳои мусаллаҳи худро дар як даргирӣ бикашонем, ки ҳама дар баробари ҳама меҷанганд. Ин ҳамон чизе аст, ки бовар дорам, ки дар онҷо барои даҳсолаҳо ҷараён дорад. Иттиҳоди Шӯравии пешин таҷрибаҳои худашро барои ҳузур дар он кишвар дошт ва мо дарсҳои лозимро аз он гирифтаем”.

Маскав дар соли 1979 барои ҳимоят аз ҳукумати коммунистии Афғонистон ба он кишвар ҳамла кард. Ин ҷанг ҳудуди 10 сол тул кашид ва бар асари он тақрибан 2 миллион афғон ҷон бохтанд ва ҳафт миллион тани дигар маҷбур ба тарки хонаҳояшон шуданд. Ин ҷанг боиси кушта шудани 14 ҳазор нерӯи Шӯравии собиқ ҳам шуд.

Путин дар суханронии дирузи худ гуфт, хатари он вуҷуд дорад, ки террористҳо ва гурӯҳҳои мусаллаҳи гуногун, ки ба Афғонистон паноҳ бурдаанд, аз беназмиҳои кунунӣ истифода карда ва таҳдидҳои мустақимро ба Русия ва муттаҳидони он ба вуҷуд биёранд.

Ин изҳороти Путин дар ҳоле садо дод, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ки Маскав хоҳони ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар Осиёи Марказӣ нест, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳузури ин неруҳо метавонад минтақаро ҳадафи ҳамлаҳо қарор диҳад.

Лавров ин матлабро рӯзи гузашта зимни сафараш ба Маҷористон баён кард. Ӯ афзуд, ки пешниҳоди Вашингтон барои иҷозаи муваққатӣ ба паноҳҷӯёни афғон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад, ки боиси бесуботӣ дар минтақа шавад.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Русия, Вашингтон бояд он идда аз ҳамкорони афғонашро, ки бо амрикоиҳо дар ин ду даҳаи гузашта кор карданд, ба Амрико интиқол диҳад, на ба кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Ба гуфтаи Сафорати Афғонистон дар Тошканд, ҳудуди 1500 афғон пас аз тасарруфи аксари минтақаҳои Афғонистон аз сӯи Толибон, марзи миёни ду кишварро убур карда ва ба Узбекистон паноҳ овардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар хаймаҳо дар наздикии марз ҷобаҷо шудаанд.

Ҳафтаи пеш Владимир Путин, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки ҳуҷуми паноҳҷӯён метавонад боиси убури ниманизомиён ба кишварҳои Осиёи Марказӣ шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад