Тасмими Толибон барои тағйир додани Сарқонуни Афғонистон

Тағйир дар Сарқонуни Афғонистон нақшае аст, ки Толибон барои идомаи ҳаракати худ дар сар доранд.

Ҷангҷӯён, ки Кобулро бидуни муқовимат ишғол кардаанд, нақшаи тағйир додани Сарқонуни Афғонистон қадами дигари ин гурӯҳ баён шудааст.

Мақомоти Толибон эълон карданд, ки нақша доранд дар Сарқонуни Афғонистон тағйирот ворид кунанд ва онро ба гуфтаи худ ислоҳ намоянд.

Муҳаммад Суҳайл Шоҳин, намояндаи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт: “То замони баргузории интихобот, кори зиёдеро анҷом додан лозим аст. Аз ҷумла бояд Сарқонуни нав қабул шавад. Қонуни кунунӣ ба шароити имрӯза мутобиқ нест” .

Ба гуфти Толибон, қабл аз қабули маҷмӯи қонунҳои нав, вазъро дар кишвар ба танзим дароварда, ниёзҳои мардумро қонеъ карда, холигии сиёсиро бояд рафъ намуд ва як бозсозӣ дар Афғонистон ба роҳ андозад.

Ҳамчунин, намояндагони Толибон дар мусоҳиба бо расонаҳо қайд карданд, ки масъалаи ҳукумати Афғонистон ба зудӣ ҳал хоҳад шуд.

Шоҳин дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Чин (CGTN) дархости кумак барои бозсозии бахшҳои мухталиф дар Афғонистон кард.

Вай гуфт: мо нав аз як давраи ҷангу вайронӣ берун омадаем ва вориди марҳилаи ҷадиде шудаем ва дар ин марҳила, ман фикр мекунам мардуми Афғонистон ба кумаки кишварҳои дигар ниёз доранд. Ин кишварҳо бояд талош кунанд дар бахши тандурустӣ, инфрасохторҳо, таълим ва дигар бахшҳои мухталиф ба мо кумак кунанд. кишварҳо метавонанд барои кашфи маъданҳо ва манобеи табиии мо кумак кунанд. Ин даъвати Куллии мо аз ҳамаи кишварҳо аст ва мо аз ҳар кишваре, ки дар ин замони ҳассоси таърихии мо ба мо кумак кунад қадрдонӣ мекунем.

Аморати исломӣ дар 15 август эълом кард, ки ҷанг дар Афғонистон поён ёфта ва ба зудӣ таъсиси Аморати исломии Афғонистонро эълон хоҳанд кард. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки барои итминон дар бораи амнияти афғонҳо ва маъмуриятҳои хориҷӣ дар ин кишвар иқдомоти лозим анҷом хоҳанд дод.

Сухангӯи Толибон дар вокуниш ба масдуд кардани дороиҳои Афғонистон тавассути сандуқи байналмилалии пул ва Амрико онро иқдоме “ғайриодилона” хонд.

Вай таъкид кард, ки мардуми Афғонистон барои бозсозии ин кишвар ба дороиҳои ин кишвар ниёз доранду хостори озодсозии беш аз 9.5 миллиард долар дороиҳои ин кишвар шуд.

Як манбаи Associated Press гуфтааст, ки Толибон то 31 август дар бораи ҳукумат тасмим нахоҳанд гирифт.

Ин мақомдори афғон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки ин шартҳо ҳангоми музокирот бо намояндагони ИМА дар Кобул гузошта шуда буданд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад