Ҳикматёр: ҷанг намехоҳем, дунболи ҳалли буҳронем

"Гулбиддин Ҳикматёр" раҳбари ҳизби Исломии Афғонистон ба шабакаи лубнонӣ гуфт, барои ҳалли буҳрон дар Афғонистон монда ва миллати Афғонистон хоҳони ҷанг нест.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Иёлоти Муттаҳида Амрико ва дигар кишварҳои узви НАТО дар соли 2001 ба баҳонаи иттифоқи 11 сентябр ҳамон сол дар Амрико, ба Афғонистон ҳамлаи низомӣ карданд ва аз он замон, ҳузури низомӣ ва ишғолгарии онҳо дар Афғонистон идома дошт.

Баъд аз тавофуқи феврали 2020 Амрико ва Толибон, имзои «тавофуқномаи сулҳ» байни ду тараф, раванди хурӯҷи низомиёни Амрико ва муттаҳидони ин кишвар аз Афғонистон шурӯъ шуд. Ин дар ҳоле аст, ки тайи ҳафтаҳои ахир Толибон муваффақ ба пешравӣ дар Афғонистон ва тасарруфи шаҳрҳои муҳимми ин кишвар шуд. Гурӯҳи Толибон рӯзи якшанбе ҳафтаи ҷорӣ  вориди Кобул шуд ва давлати Ашраф Ғанӣ дар Афғонистон суқут кард.

Дар ҳамин иртибот шабакаи “Ал-Маёдин”, бо “Гулбиддин Ҳикматёр” раҳбари ҳизби Исломии Афғонистон гуфтугӯ кард. Гулбиддин Ҳикматёр гуфт: давлат қодир ба таҳаррук ё вуруд ба ҷанг нест. Мо барои ҳали буҳрон дар Афғонистон инҷо ҳастем, ҷанг намехоҳем, мардум ҷанг намехоҳанд. Мо барои ҳалли буҳрон инҷо ҳастем.

Вай хитоб ба миллати Афғонистон гуфт: мо ҳамонтавр, ки ваъда дода будем бо шумо хоҳем буд. Афғонистон дар шароити сахте қарор дорад, аммо мо бо шумо ҳастем. Мо бо Афғонистон ҳастем.

Гулбиддин Ҳикматёр, идома дод: ин вазъият, зиндагиро дар Афғонистон сахт мекунад. Дар Афғонистон Имороти Исломӣ эълом шуд, аммо Толибон таъаҳҳуд дода, ки касе осеб нахоҳад дид ва азият нахоҳад шуд.

Вай тасреҳ кард: Гурӯҳи Толибон вориди Кобул шудаанд ва акнун ҳамаи масъӯлият бар ӯҳдаи онҳост. Мо тасмим гирифтем, ки бо миллат, ислом ва эҳтиром ба шаҳрвандон бошем ва барои тамоми мардум дар Кобул сабот барқарор бошад.

Гулбиддин Ҳикматёр, дар идома гуфт: дастгоҳҳои амниятии зиёде аз кишварҳои мухталиф дар Афғонистон ҳастанд ва мо умедворем ин дастгоҳҳо дар Кобул осеб набинанд…. Пойтахт вайрон нашавад ва касе азият нашавад. Шаҳрвандон бояд аз дороиҳои худ муҳофизат кунанд.

Ахиран, дафтари “Ҳомид Карзай”, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон гуфт, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳарҷу мараҷ ва коҳиши дард ва ранҷи мардум ва идораи ҳарчӣ беҳтари умӯри марбут сулҳ ва интиқоли мусолиматомези қудрат шӯрои ҳамоҳангӣ бо узвияти Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Гулбиддин Ҳикматёр ва Ҳомид Карзай ташкил шуда аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад