Эҳзори сафири Русия ба Вазорати умури хориҷаи ҶИЭ

Дар рӯзҳои гузашта аксе аз сафирони Ландан ва Маскав дар сафорати Русия дар Теҳрон интишор шуд, ки дар он сафари нави Ангилис ба сафорати Русия дар Теҳрон рафта ва дар ҳамон маконе, ки "Франклин Рузвельт, Черчилль ва Сталин дар соли 1943 конфронси Теҳронро бедуни иттилоъ ва огоҳии Эрон баргузор карданд, бо сафири Русия акси ёдгорӣ гирифтааст.

Бар асоси гузориши сомонаи хабарии Gazeta.ru, Леван Ҷагарян сафири Русия ба Вазорати хориҷаи ҶИЭ эҳзор шудааст.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Сайид Иброҳими Раисӣ, дар вокуниш ба интишори тасвире дар маҳалли сафорати Русия дар Теҳрон бо ҳузури сафирони Русия ва Англис навишт:
“Иқдоми ғайридиплумотики ду сафири хориҷӣ дар Теҳрон, афкори умумиро дар Ҷумҳурии Исломии Эрон мукаддар кардааст ва нишондиҳандаи бетаваҷҷӯҳӣ ба одоби диплумотик ва ғурури миллии мардуми ғаюри Эрон аст. Ислоҳ ва ҷуброни сареъи ин хато, зарурат дорад.”
Сафорати Русия
Эрон
Сафири Русия дар Теҳрон ба ҳамроҳи Саймон Шерклиф, сафири Англис дар Теҳрон барои тавзеҳот дар хусуси акси мунташиршуда, ба Вазорати умури хориҷаи Эрон эҳзор шуданд.
Бар асоси гузориши манбаъ, ӯ дар ин мулоқот тасреҳ кард, ки қасди вай аз интишори ин акс “сирфан ёдовари иттиҳоди Русия бо Бритониё бар алайҳи артиши нозӣ дар тӯли ҷанги ҷаҳонии дуввум” буда ва “ба ҳеҷ ваҷҳ ҳеҷ ангеза ва манзури зидди эронӣ пушти интишори ин акс вуҷуд надорад.”
Бино бар ин гузориш, сафири Русия зимни таъкид бар равобити роҳбурдии ду кишвари Эрон ва Русия ва муровидоти амиқ ва дӯстона байни ду кишвар тасреҳ кард: “Аз ин, ки интишори ин акс сабаби суитафоҳум ва ранҷиши хотири мардуми кишвари дӯст, Эрон шуда изҳори таассуф мекунам.”
Сафири Англис ҳам дар бораи акси мунташиршуда ибрози таассуф карда ва гуфт: “Зимни эҳтиром ба Ҷумҳруии Исломии Эрон ва мардуму таърихи ин кишвар, таъкид мекунам ҳеҷгуна қасд ва нияти баде дар паси ин масъала вуҷуд надошта ва сафирон фақат мехостанд, ки иттиҳоди Русия ва Англис алайни Олмон дар замони Ҷанги ҷаҳонии дуюмро ёдоварӣ кунанд.”
Сафири Англис ибрози умедворӣ кард, ки битавонад дар давраи маъмурияташ дар Теҳрон, бар асоси ҷалб ва афзоиши эҳтиром ва этимоди дутарафа ба тавсеа ва густариши равобити ду кишвар кумак кунад.
Мудири кулли Авруосиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ пас аз шунидани тавзеҳоти сафири Русия, зимни таъкид бар равобити дӯстонаи ду кишвари Эрон ва Русия, ба вай ёдоварӣ кард, ки интишори ин акс ҳарчанд бо қасде, ки унвон шуд қобили пазириш набуда ва таваҷҷӯҳи лозим ба муқтазаёти таърихӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвари мизбон, аз ҷумлаи мавориде аст, ки мебоист мавриди таваҷҷӯҳи дақиқи сафирон қарор гирад.
Бар асоси ин гузориш, дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид шуд, миллати бузурги Эрон тайи 42 соли гузашта ба такрор собит кардаанд, ки истиқлолеро, ки бо ҷонфишониҳо ва муқовиматҳои таърихӣ ба даст овардаанд, бо тамоми диққат ва ҷиддият муҳофизат карда ва ба унвони як кишвари муқтадир равобити худ бо кишварҳои дигарро мубтанӣ бар иззати миллӣ танзим мекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад