Вобастагии вазъ дар Осиёи Марказӣ бо вазъи сиёсию низомии Афғонистон аз нигоҳи Шералӣ Мирзо

Шералӣ Мирзо мегӯяд, вазъ дар Осиёи Марказӣ аз бисёр ҷиҳат ба авзои сиёсию низомӣ дар Афғонистон вобаста аст.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон, муташаккил будани созмонҳои террористӣ дар Афғонистон ва муҷаҳҳаз буданашон бо силоҳи муосирро аз омилҳои махсуси хатарнокии онҳо гуфт.

Шералӣ Мирзо гуфт, созмони террористии Толибон аллакай шимол ва шимоли шарқи Афғонистонро зери назорат дорад.

Вазир изҳор дошт: “Агар то вақтҳои охир ҳузури неруҳои хориҷӣ имкони ҳифзи тавозун ва назорати вазъи низомӣ – сиёсиро медод, хориҷшавии онҳо боиси шиддати фаъолияти тахрибкоронаи созмонҳои террористӣ шудааст”.

Ӯ дар доираи размоиши муштарак бо неруҳои Русия ва Узбекистон изҳор дошт, ки ҳузури неруҳои террористӣ дар наздикии марз аз ҷониби кишварҳои минтақа ҳамоҳангиро талаб мекунад.

Шералӣ Мирзо ҳушдор дод: “Созмонҳои террористии фаъол дар Афғонистон зери таъсири омилҳои гуногун ба сохтори муташаккил, бо артиши муҷаҳҳаз бо силлоҳҳои муосир ва стратегияи мушаххаси амал, табдил ёфта, ки махсусан хатарнок барои кишварҳои минтақа мебошад”.

Вай посухи мувофиқро ба ин таҳдидҳо қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои минтақа хонд.

Генерал полковники тоҷик бо зикри он, ки Тоҷикистону Узбекистон марзи муштарак бо Афғонистон доранд, таъкид кард, ки неруҳои ду кишвар дар “форпост”-и мубориза бо хатарҳои террористӣ мебошанд. Ӯ инчунин нақши бузурги Русия, аз ҷумла пойгоҳи низомии 201 – ро дар таъмини амнияти минтақавӣ таъкид намуд.

Генерал полковники тоҷик размоиши муштарак бо Узбекистон ва Русияро, ки 10 август дар наздикии марзи Афғонистон анҷом ёфт, муваффақ хонда, илова намуд, ки тамоми вазифаҳои гузошташуда пеши низомиён иҷро гардиданд.

Ӯ муътақид аст, ки қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо тавони посух ба ҳар таҳдидро доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад