Имзои ду санади ҳамкорӣ байни вазорати шуғлу меҳнати Тоҷикистону Узбекистон

Вазирони меҳнати ду кишвари Тоҷикистон ва Узбекистон санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Миёни вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон ду санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар доираи сафари кории ба Ӯзбекистон ва натиҷаҳо аз мулоқоту вохӯриҳо бо ҳамтои худ аз кишвари Ӯзбекистон миёни вазоратҳои марбутаи ду кишвар ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бар асоси гузориши дафтари матбуоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ин ду санад ба бахшҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ марбутанд.

Нахустин санад ин нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои бандҳои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнати Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ мебошад.

Санади дувум ин ёддошти тафоҳум байни МД “Пажуҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ”-и Вазорати Тоҷикистон ва “Пажуҳишгоҳи бозори меҳнат”-и Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ӯзбекистон мебошад.

Манбаъ таъкид кардааст: “Тасдиқ ва татбиқи санадҳои мазкур муносибатҳои дуҷонибаро дар самти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тақвият намуда, ҳамчунин муносибатҳоро оид ба корҳои илмӣ-пажӯҳишӣ вобаста ба бозори меҳнат, тарбияи кадрҳои коргарӣ ва ихтисосҳои муҳим дар танзими бозори меҳнат ривоҷ мебахшад.”

Ба назар намерасад, ки ин ду санад битавонад як иқдоми ҷиддӣ дар ҷиҳати рифоҳу осоиши муҳоҷирони меҳнатӣ бошад. Ҳамон муҳоҷироне, ки бо вуҷуди изҳори нигаронии Русия аз камбуди муҳоҷирон, аммо вазъашон дар он кишвар ё дар Тоҷикистон бисёр бад аст. албатта дар як бахше аз ин масъала коронавирус вуҷуд дорад, ки шароитро вазнин кардааст ва дар бахши дигар сиёсатмадорон вуҷуд доранд, ки шароитро барои муҳоҷирон вазнинтар аз гузашта кардаанд. Бо дарназардошти тамоми паҳлуҳои масаъалаи муҳоҷирон, бояд нишасту бархостҳо ва ҷаласаҳо рангу бӯи ба нафъи муҳоҷиронро дошта бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад