Размоиши муштараки “Пекин-Маскав” дар шимоли ғарби Чин оғоз шуд

Чин аз баргузории размоиши муштарак бо Русия дар бахши шимоли ғарбии хоки худ бо ҳадафи тақвияти амалиёти муштараки зидди тероризм байни нерӯҳои низомии ду кишвар хабар дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, размоиши муштараки Чин ва Русия, ба номи “Запад / Интракция-2021” дар пойгоҳи омӯзиши тактикии нерӯҳои муштараки артиши озоди бахши халқи Чин дар минтақаи худмухтори “Нинся -Хуэй” дар шимоли ғарбии ин кишвар оғоз шуд.

Тамрини низомии мазкӯр аввалин размоиши муштарак ба мизбонии Чин пас аз оғози ҳамагирии коронавирус маҳсуб мешавад. Артиши озоди бахши Чин дар ин размоиш аз таҷҳизот ва адавоти низомии пешрафтаи худ шомили ҷангандаи радаргурези “J-20” ва ҳавопаймоҳои нақлиётии “Y-20” истифода кардааст.

“Лужу Чэнг” узви кумитаи низомии марказӣ ва раиси идораи ситоди муштараки артиши Чин, фармондиҳии ин размоишро бар уҳда дорад.

Дар ин размоиш, низомиён ва афсарони ширкаткунанда аз артиши ҳар ду кишвар дар қолаби 13 ороиши низомии заминӣ ва ду ороиши низомии ҳавоӣ барои боздид созмондаҳӣ шуданд.

Мақомоти Чин ва Русия, ҳадафи размоиши мазкӯрро тақвияти амалиёти муштараки зидди тероризм байни нерӯҳои низомии Пекин-Маскав, эълом карда ва мегӯянд ин тамрини низомӣ намойише аз иродаи қотеъ ва муҳками ду кишвар ҷиҳати ҳифозат аз амният ва саботи минтақаӣ ва байналмилалӣ аст.

Мақомоти ду кишвар ҳамчунин изофа карданд, ки ин размоиш нишонгари сатҳи ҷадиде аз мушорикати роҳбурдии ҷомеъ миёни Чин ва Русия дар даврони ҷадид, эътимоди мутақобили роҳбурдӣ, мубодилоти амалӣ ва ҳамоҳангӣ байни ду кишвар аст.

Тамрини муштараки низомӣ байни ду кишвари Чин ва Русия, ки аз рӯзи гузашта оғоз шуда, то 13 август идома хоҳад дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад