Таъкиди Тоҷикистон ва Чин ба густариши ҳамкориҳои амниятӣ

Мақомоти Тоҷикистон ва Чин дар дидори худ нисбати масоили гуногун табодули назар карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад аз дидори мақомоти ду кишвари Тоҷикистону Чин хабар додааст.

Бар асоси гузориши манбаъ, Фарҳод Салим, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Сяоюн, намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаи Афғонистонро ба ҳузур пазируфт.

Дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи амният, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, инчунин вазъи амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад