Корвони логистикии низомиёни Амрико дар “Бобул”-и Ироқ ҳадаф қарор гирифт

Як корвони логистикии мутаъаллиқ ба низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, бомдоди имрӯз се шанбе дар устони "Бобул"-и Ироқ ҳадаф қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории “Бағдод Ал-Явм”, як корвони логистикии дигари артиши Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бомдоди имрӯз се шанбе дар устони Бобули Ироқ ҳадаф қарор гирифт.

Бар асоси ин гузориш, токунун ҳеч гуруҳе масъӯлияти ҳадаф қарор додани ин корвони логистикии низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар устони Бобулро баръуҳда нагирифтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш низ чанд бомби канори ҷодаӣ дар масири корвони логистикии мутаъаллиқ ба низомиёни Амрико дар устонҳои Девония ва Ал-Анбор мунфаҷир шуда буд.

Гуфтани аст, тайи моҳҳои ахир, корвонҳои логистикии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико борҳо дар нуқоти мухталифи Ироқ ҳадаф қарор гирифтаанд. Бо ин ҳол, Амрикоиҳо ҳамчунон аз пойбандӣ ба мусаввабаи парлумони Ироқ мабнӣ бар хурӯҷ ҳарчӣ сареътар аз хоки ин кишвар сарбоз мезананд ва ин кишварро тарк намекунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад