Ду рейди бузург алайҳи муҳоҷирон дар Маскав

Дар нақшаи дастгоҳҳои иҷроии Русия аст, ки ду рейди бузург алайҳи муҳоҷирон дар Маскав баргузор шавад..

Барои тафтиши муҳоҷирон 14-уми август ду рейди бузург дар Маскав аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, Бозрасии давлатии бехатрии ҳаракат дар роҳ ва Горди миллии ин кишвар оғоз мешавад.

Ин тафтишот дар Маскав ва вилоятҳои пойтахт дар якҷоягӣ бо афсарони полис, Бозрасии давлатии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Гвардияи Русия барои тафтишоти муҳоҷирон гузаронида мешавад. Дар ин бора “Pravda.ru” 8-уми июл хабар дод.

Тафтишот аз ду бахш  рейди таксиронҳо (Рейд Таксист) ва рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) иборат буда, рейдҳо аз 14-уми август оғоз меёбад. Гуфта мешавад, муҳоҷирони корие, ки дар бахши хизматрасонии таксиҳои Маскав кор мекунанд, бояд дар системаи “КИС” ва “ART” (системаи иттилоотии корпоративӣ ва назорати таксӣ) сабти ном дошта бошанд.

Дар ин рейд аз технологияҳои “Smart City” истифода мешаванд. Вазифаи асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарёфт ва татбиқи ҷазои ҳуқуқӣ ба ронандагоне мебошад, ки дар системаи “ART” сабти ном нашудаанд.

Дар робита ба бахши дуввуми санҷиш рейди муҳоҷирон (Рейд Мигрант) мақомоти Русия ният доранд, аз ҷойҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ дидан карда ҷойҳои истиқоматии онҳоро тафтиш кунанд. Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки назорати шадид барои риояи тартибот аз тарафи Гвардияи миллии Русия амалӣ хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, яке аз сабабҳои баргузории чунин рейдҳо ва назорати шадид болои муҳоҷирон ин ҳодисаҳои охир дар ҷанубу шарқии пойтахт мебошад, ки он боиси боздоштҳои сершумор шуда, даҳҳо нафар муҳоҷирони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон аз тарафи мақомот дастгир ва аз Русия ихроҷ мешаванд.

Ба назар мерасад, бар фарзи қабули қонуншиканиҳои ва иқдомоти ғайриқонунии муҳоҷирон дар таъйиди ҳуҷҷатҳои худ, бо таваҷҷӯҳ ба шароити коронавирус, Русия бояд нисбати муҳоҷирони муқими Русия шароитро осонтар кунад. Зеро муҳоҷирони меҳнатӣ бахши муҳиме аз даромади кишвари худро масъул ҳастанд ва барои гузарондани ҳаёти худ ва оилаҳои худ ҳам нақши бисёр зиёдеро ифо мекунанд.

Зимни инки мақомоти Русия ва ҳатто шаҳдори Маскав борҳо аз норасоии муҳоҷирон изҳори нигаронӣ кардаанд ва инчунин рейдҳо норасоии муҳоҷиронро бадтар аз гузашта хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад