Баррасии мубориза бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм дар Душанбе

Ҷаласаи баррасии мубориза бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм дар Душанбе баргузор гардид.

Бонки миллии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаҳои мавзӯӣ дар бораи мубориза бо пулшӯӣ, таъмини молии терроризм ва густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ дар Душанбе хабар дод.

Намояндагони гуруҳи АвруОсиёии муқобила бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм маҷмӯае аз ҷаласаҳои мавзӯиро дар пойтахти кишвар бо намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ баргузор карданд.

Ин ҷаласаҳо бо ташаббуси Бонки миллӣ ба унвони як ниҳоди муҷоз дар заминаи мубориза бо қонунӣ шудан ҷурмҳо (пулшӯӣ), таъмини молии терроризм ва таъмини молии густариши силоҳҳои куштори ҷамъӣ созмондеҳӣ ва баргузор шуд.

Ба таври вижа, чунин ҷаласаҳое ҳам бо намояндагони созмонҳои иҷрои қонун ва неруҳои интизомӣ, мақомоти назоратӣ ва бахши хусусӣ баргузор шуд.

Дарёяти иттилооти барзиёда ва баррасии ихтилофҳои ошкоршуда дар бораи арзёбии хатарҳои минтақаӣ бо намояндагони Тоҷикистон ва ҳамчунин мушаххас кардани мизони аҳамият ва афзоиши иҷрои натиҷагириҳои қаблии бахшҳои давлатии кишвар, аз ҳадафҳои ин ҷаласаҳо зикр шудааст.

Бар асоси пурсишномаи гуруҳи АвруОсиё барои муқобила бо пулшӯӣ ва таъмини молии терроризм, арзёбии минтақаии хатарҳо дар заминаи қонунӣ шудани инчунин ҷурмҳо ва таъмини молии терроризм қаблан бо мушорикати мақомоти марбутаи кишвар анҷом ёфт ва дар ҷаласаҳое ҳам натиҷагириҳо дар мавриди хатарҳои минтақавӣ барои Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Қайд карда мешавад, ки дар чорчӯи тарҳи “баргузории арзёбии минтақавии хатарҳо дар заминаи пулшӯӣ ва мубориза бо терроризм” коршиносони гуруҳи АвруОсиё дар баробари арзёбии хатарҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин мулоқтҳоеро дар Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Беларус ва Русия баргузор мекунанд.

Аммо аз нигоҳи коршиносон, фаъолиятҳои зиддидинии давлат ва ҳукумати Раҳмон сабаби густариши терроризим шудааст ва пайвастани теъдоде аз неруҳои ҳукуматӣ аз ҷумлаи Гулмурод Ҳалимов ба хотири сиёсати бади Тоҷикистон ва Раҳмон аст. Аммо давлат барои гурез аз айбдор шудан дигар ниҳодҳо ва ҳаракатҳоро дар ривоҷи терроризм айбдор медонад.

Инчунин дахолати мустақим дар фарҳанги исломии мардуми тоҷик аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ва дастгоҳи иҷроии вай ва инчунин тасвиби қонунҳои зидди исломӣ мардумро ошуфта кардааст ва ин масъала ҳам омили дигари ривоҷи терроризм аст, давлати Раҳмон дар он айбдор аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад