Раҳимзода аз боздошти аъзои ПМТ гуфту Муҳиддин Кабирӣ рад кард

Вазорати дохила аз боздошти 14 нафар аз аъзои ПМТ хабар додааст, аммо Муҳиддин Кабирӣ ин иддаоро рад кард кардааст.

Вазорати корҳои дохила гуфтааст, ки дар шашмоҳи аввали соли ҷорӣ ду сӯиқасди бо амали террористӣ ва як амали террористӣ пешгирӣ карда шудааст, ки ҳамаи онҳо аз ҷониби ҲНИТ ва ДИИШ амалӣ шудаанд. Аммо Муҳиддин Кабирӣ ин иддаои вазоратро таблиғоти ҳукумат донист ва афзуд, ки дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое надоранд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ин иддаои вазирро рад карда гуфт: ин як таблиғоти ҳукумат ва сӯиистифодаи мақомот аст, мо дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое на аз ПМТ ва на ҲНИТ надорем.

Инчунин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохила, рӯзи гузашта (4-уми август) зимни нишати хабарии ниҳодаш гуфт, давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ муайян ва ошеор карда шудааст.

Тибқи гуфтаи вазир танҳо давоми шаш моҳ 3301 нафар барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти террористидошта дар пайгарди расмӣ қарор дода шудааст.

Ҳафиззода Шодӣ сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила гуфт, ки давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳия Ваҳдат, як сӯиқасд ба амали террористӣ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва як амали террористӣ дар шаҳри Исфара пешгирӣ карда шудааст.

Бино ба маълумоти сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила ҳамаи ин амалҳо аз ҷониби аъзои ҲНИТ ва ДИИШ иҷро шудаанд. Аммо дақиқ гуфта нашуд, ки кадоме аз ин ҷиноятҳоро аъзои ҲНИТ ва кадомеро ДИИШ амалӣ кардан мехост.

Инчунин вазири корҳои дохилаи кишвар зимни суханронияш дар ҳузури хабарнигорон аз боздошт шудани 143 нафар бо гумони террористӣ хабар дод.

“Ихвон-ул-муслимин” – 3 нафар

“Давлати исломӣ” (ДИИШ) – 26 нафар

“Салафия” – 45 нафар

“Гурӯҳи 24” – 13 нафар

ҲНИТ – 6 нафар

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” – 2 нафар

“Ҳизб-ут-таҳрир” – 6 нафар

“ал-Қоида” – 3 нафар

“Ҷамоати таблиғ” – 8 нафар

Ҳаракати исломии Узбекистон – 18 нафар

Паймони миллии Тоҷикистон – 14 нафар.

Бори аввал аст, ки аз боздошти аъзои ПМТ дар нишасти матбуотӣ хабар дода мешавад. Аммо то кунун хабаре дар бораи дастгир шудани аъзои ПМТ дар расонаҳо нашр нагардида буд. Вазорат ҳам ному насаби онҳоро нагуфт.

Дар ҳамин ҳол раҳбари ПМТ, Муҳиддин Кабирӣ дастгир шудани аъзоёни худро рад кардааст. Ӯ ин изҳороти Вазорати дохиларо таблиғоти ҳукумат донист ва афзуд, ки дар дохили кишвар ҳеч барнома ва аъзое надоранд.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт: “Мақомоти кишвар пайваста кӯшиш мекунанд, ҷомеаро дар ҳолати тарсу фишор нигаҳ бидоранд ва натанҳо ҳизбу созмонҳои марбут ба мо, балки бисёре аз ҳизбу созмонҳои дигаре, ки дар рӯйхати созмонҳои мамнуъ ворид шудаанд, пайваста аз номи онҳо шаҳрвандонро парванда боз мекунанду зиндонӣ мекунанд ва суиистифода аз ин рӯйхатҳо мешавад.”

Ӯ дар идома афзуд, ки ҳамеша дар арафаи афвҳо мақомот ин гуна парвандаҳоро зиёд боз мекунанд. Ба назари Раҳбари ПМТ мақомот аз чунин корашон ду фоида ба даст меоранд: яке ин ки дар омор нишон бидиҳанд, ки мақомот фаъолият мекунад ва давоми як сол ҷиноятҳои зиёдеро ошкор карда тавонист, фоидаи дуюм ин аст, ки аз нафарони боздоштшуда маблағҳои зиёдеро дар ҳама марҳила меситонанд, ки ин ба нафъи мақомот аст.

Дар умум созмонҳои байналмиллалии ҳуқуқи башар ҳукумати Тоҷикистонро борҳо ба он муттаҳам каданд, ки бо баҳонаи терроризм ва экстремизм нафарони зиёди бегуноҳеро боздошт ва равонаи зиндон мекунад, ки дар асл баъзе аз онҳо нисбати он гурӯҳ ва ё ҳаракат ҳатто маълумоти ибтидоӣ ҳам надоранд. На номи он гурӯҳҳоро медонанд ва на аз барномаҳои онҳо хабар доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад