Оғози дубораи даргирӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон

Даргирии низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон пас аз чанд моҳ дубора оғоз шуд.

Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Озарбойҷон Арманистонро дар даргирӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон айбдор мекунад, Вазорати дифои Арманистон иддао дорад, ки неруҳои Боку имрӯз дар марз оташ кушоданд ва як сарбози арманиро маҷрӯҳ карданд.

Боку дар ин маврид таъкид кардааст, ки ба оташбас пойбанд мебошад.

Вазорати дифои Арманистон эълом кард, ки имрӯз (панҷшанбе) артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мавқеъҳои Арманистон дар марзи ду кишвар дар вилояти “Гегаркуник” оташ кушода ва як сарбози артиши Арманистонро захмӣ кардааст.

Вазорати дифои Армнистон мегӯяд, ҳамлаи Озарбойҷонро дафъ карда ва ҳисоратҳое ба душман ворид кардааст.

Рӯзи гузашта ҳам даргирӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон рӯх дод, ки ду сарбози Озарбойҷон маҷрӯҳ ва се низомии Арманистон кушта шуданд.

Ин ду кишвар 24-уми октябри 2020 бо миёнҷигарии Русия бар сари оташбас дар минтақази Қарабоғи Кӯҳӣ ба тавофуқ расиданд.

Тибқи созишнома, Арманистон вазифадор буд, ки қаламравҳои ишғолшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷонро дар “Агдам”, “Клигер” ва “Лачин” холӣ кунад ва аз Нахчувон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон роҳи заминӣ таъсис диҳад. Дар навбати худ Ҷумҳурии Озарбойҷон ӯҳдадор шуд, ки зимни таваққуфи амалётҳои низомӣ, долони Лачинро (бо паҳнои 5 километр) барои пайвасти Қарабоғи Кӯҳӣ бо Арманистон тазмин кунад.

Даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон дар Калбаҷар

Даргирӣ миёни низомиёни Арманистон ва Озарбойҷон дар Калбаҷар

Вазорати дифои Озарбойҷон эълом кард, ки мавозиъи ин кишвар дар минтақаи “Калбаҷар”, тавассути нерӯҳои Арманистон ҳадаф қарор гирифтааст.

Вазорати дифои Озарбойҷон, тайи иттилоъияе эълом кард, ки мавозиъи ин кишвар дар минтақаи “Калбаҷар”, тавассути нерӯҳои Арманистон ҳадаф қарор гирифтааст.

Дар ин иттилоъия, зимни ишора ба иқдомоти таҳрикомези Арманистон омадааст : посухи лозим ба ин иқдомот билофосила аз сӯи нерӯҳои мусаллаҳи кишварамон дода шуд. Даргирӣ дар ин минтақаи миёни низомиёни ду кишвар ҳамчунон идома дорад.

Гуфтани аст, мавозеъи артиши Озарбойҷон дар Калбаҷар ҳаволии соати 16 : 00 ба вақти маҳаллӣ  сӯи низомиёни Арманистон мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки дар пайи он як сарбози Озарбойҷон кушта шуд.

Артиши Озарбойҷон сентябри соли гузашта бо оғози амалиёте бештари арозии ишғолии худ аз ҷумла Шуша дар Қарабоғи кӯҳистониро озод кард . Даҳуми ноябр низ кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон ва Русия тавофуқномаи оташбас имзо карда ва Ереван пазируфт, ки аз Лачин, Калбаҷар ва Ағдам низ хориҷ шавад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад