Шумори мубталоёни ба коронавирус дар кишвар ба 14 ҳазору 761 нафар расид

Шумори мубталоёни ба коронавирус дар кишвар бо шиносоӣ 88 мавриди ҷадид ба 14 ҳазору 761 нафар афзоиш ёфт.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон тайи иттилоъияе эълом кард: 88 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар кишвар сабт шуд ва омори кулли мубталоён ба 14 ҳазору 761 нафар афзоиш ёфт.

Маҷмуъи қурбониёни коронавирус низ дар кишвар бо фавти як нафари дигари тайи 24 соати гузашта ба 119 нафар расид.

Барасоси гузориши ин вазоратхона, шумори беҳбуд ёфтагони коронавирус бо тархиси 78 бемори дигар аз бемористонҳо ба 14 ҳазору 245 нафар расидааст.

Гуфтани аст, ваксиносиюни умумии коронавирус дар кишвар дар авохири моҳи марти имсол оғоз шудааст, ки токунун идома дорад. ​​​​​​​

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад