Шумори мубталоёни ба корона дар Тоҷикистон аз 14 ҳазору 500 нафар фаротар рафт

Шумори мубталоён ба коронавирус дар кишвар бо шиносоӣ 78 мавриди ҷадид ба 14 ҳазору 505 нафар афзоиш ёфт.

 

 

Вазорати тандурустии кишвар тайи иттилоъияе эълом кард: 78 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар кишвар сабт шуд ва омори куллии мубталоён ба 14 ҳазору 505 нафар афзоиш ёфт.

Маҷмуъи ҷон бохтагони коронавирус дар кишвар 116 нафар буда ва тайи шабона рӯзи гузашта ҳеч мавриди ҷадиди фавтӣ гузориш нашудааст.

Барасоси гузориши ин вазорат хона, шумори беҳбудёфтагони коронавирус бо тархиси 58 бемори дигар аз бемористонҳо ба 14 ҳазору 22 нафар расидааст.

Гуфтани аст, ваксиносиуни умумии коронавирус дар кишвар дар авохири моҳи марти имсол оғоз шуда ва то кунун идома дорад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад