Тирандозӣ дар Сиэтли Амрико, се кушта ва панҷ захмӣ бар ҷо гузошт

Расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, чаҳор тирандозии ҷудогона дар шаҳри Сиэтли Омрико, ҷони се сокини ин шаҳрро гирифта ва панҷ нафарро захмӣ кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, дар идомаи хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико хабарҳо аз Сиэтл ҳокӣ аст, ки силсила тирандозиҳо дар ин шаҳри иёлати Вашингтон талафот бар ҷо гузоштааст.

Шабакаи телевизиюнии “KIRO – TV”, вобаста ба шабакаи “CBS News” гузорише дар бораи силсила тирандозиҳои рӯзи якшанбе дар шаҳри Сиэтли иёлати Вашингтон мунташир кард.

Тибқи гузориши ин расонаи амрикоӣ, чаҳор тирандозии ҷудогона дар шаҳри Сиэтл тайи рӯзи якшанбе ҷони се сокини ин шаҳрро гирифт ва панҷ нафарро захмӣ кард.

Идораи полиси Сиэтл бо баёни инки рӯзи якшанбе, яке аз хунинтарин шабҳои ин шаҳр будааст эълом кард, ин чаҳор тирандозӣ ҳеҷ иртиботе ба ҳам надоштанд.

Силсила тирандозиҳо дар Сиэтл бомдоди рӯзи якшанбе ба вақти маҳаллӣ анҷом шуданд. Яке аз ин тирандозиҳо соати 1:48 бомдод дар наздикии як мағозаи фуруши машрӯботи алкулӣ рух дод.

Соати 2:32 бомдод дар майдони “Occidental”-и шаҳри Сиэтл, гузорише ба полиси ин шаҳр дар бораи тирандозии маргбор ироа шуд. Дар ин тирандозӣ ду нафар бар асари шиддати ҷироҳоти ношӣ аз дарёфти гулӯла, дар бемористон кушта шуданд ва се амрикоӣ ҳам захмӣ шуданд.

Соати 3:29 дақиқа, як зани захмӣ худро ба бемористони “Bellevue” расонд ва муддаӣ шуд, дар наздикии хиёбони давоздаҳум ва хиёбони “South Main”-и Сиэтл ҳадафи гулӯла қарор гирифт.

Соати 4:42 субҳи рӯзи якшанбе дар Сиэтл, дар наздикии маҳали баргузории як мусобиқаи баскетбол тирандозӣ анҷом шуд, ки дар натиҷаи он як нафар захмӣ шуд.

“Адриен Диес”, раиси полиси Сиэтл бо интишори як видео дар бораи силсила тирандозиҳо дар ин шаҳр, хушунатҳои мусаллаҳонаро маҳкум кард.

Ӯ дар ин видео тасреҳ кард: «Ин чизе аст, ки мо дарбора он суҳбат кардаем, афзоиши хушунати мусаллаҳона дар соли 2020 ва 2021. Мо бояд роҳе барои ҳазф кардани силоҳҳо дар хиёбонҳо пайдо кунем».

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад