Амрико дар ҳоли вайронӣ аст

Раиси ҷумҳури пешини Амрико дар як гирдиҳамоӣ дар иёлати Аризона эълом кард: Амрико дар ҳоли вайронӣ аст.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини Амрико дар як гирдиҳамоӣ барои тарафдоронаш дар иёлати Аризона бо мавзӯъи  “Роҳпаймоӣ барои муҳофизат аз интихоботи мо”, бо такрори суханони пешини худ дарбораи тақаллуб дар интихоботи раёсат ҷумҳурии соли 2020 дар кишвараш гуфт: интихоботи раёсат ҷумҳурии 2020, нангинтарин ва фосидтарин (интихобот) буд.

Раиси ҷумҳури пешини Амрико зимни онки интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020 Амрикоро “Бе обрӯӣ”  хонд, ба тарафдоронаш гуфт: кишвари мо дар ҳоли вайронӣ аст.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки соли гузаштаи мелодӣ баргузор шуд, ҳудуди 158 миллион нафар ширкат карданд ва Ҷо Байден бо ҳудуди 81 миллион раъй пирӯзи интихоботи кишвараш шуд.

Бо ин ҳол Трамп, борҳо муддаӣ тақаллуби густарда дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2020 шудааст ва беш аз 50 фақара шикоят дар хусуси тахаллуфи интихоботӣ дар додгоҳҳои мухталифи Амрико матраҳ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад