Иқдомоти масъулони Кӯлоб барои коҳиши оқибатҳои офати табиӣ

Масъулони Кӯлоб талошҳо ва иқдомоти худро барои бартарф сохтани оқибатҳои офати табиӣ шарҳ доданд.

Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар минтақаи Кӯлоб, зимни нишасти матбуотӣ дар бораи чораҳои пешгирифта дар бораи бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб, бахусус дар самти соҳилбандӣ, пурра маълумот доданд..

Бар асоси иттилои рӯзномаи Ҷумҳурият, ба гуфтаи масъулини ин ниҳод то ин вақт мустаҳкамкунии соҳил дар 733 метр анҷом ба анҷом расидааст.

Масъулини Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таъкид кард: “Аз ҷумла, дар мавзеъҳои Ёқсу 85 метр, Чорчашма ва комбинати хиштсозӣ 175 ва 48 метр, Минтути сойи Тебалай 255 метр ва Даҳанасой 95 метр”.

Қайд карда шудааст, ки барои бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ дар сойҳои Тебалай, Девонасой, Шӯраксой ба маблағи 3,3 миллион сомонӣ лоиҳа омода шуда, барои таҳияи барнома ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод гаштааст.

Манбаъ гуфт: “Интизор меравад, ки корҳои сохтмонӣ рӯзҳои наздик аз тарафи МД “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон оғоз гарданд”.

Ба таъкиди Шаҳло Содатсайрова, мудири бахши сохтмон ва соҳилбандии агентӣ, дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба он минтақаҳое, ки қаблан бехавф буданд, ҳоло сел омада истодааст.

Вай илова кардааст: “Бо пешниҳоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи барномаи нави соҳилбандӣ чунин минтақаҳоро ба он ворид карданианд”.

Аммо кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, дар қаламрави ҷумҳурӣ 1405 минтақаи хавфнок мавҷуд аст, ки одамон он ҷо иқомат мекунанд ва дар маърази хатари офати табиӣ ҳастанд.

КҲФ дар гузориши худ қайд намудааст, ки дар 1405 минтақаи хатарноки Тоҷикистон беш аз 750 ҳазор нафар иқомат доранд.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти Тоҷикистон вобаста ба имконот сокинонро аз маҳалли хатарнок ба ҷойҳои бехавф мекӯчонанд. Мақомот инчунин мушкили асосӣ дар ин самтро ном бурданд.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таъкид намуданд: “Сарфи назар аз ҳушдорҳо сокинон дар минтақаҳои хавфнок хонасозиро идома дода истодаанд”.

Мақомдорони соҳа мегӯянд, дар вилояти Хатлон теъдоди ҷойҳои хавфнок 379 ададро ташкил медиҳад. Дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон 308 мавзеи хатарнок ҷойгир мебошад.

Дар навоҳии минтақаи Рашт 183 ва дар навоҳии водии Ҳисор 236 ҷойи хавфноки иқоматӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Дар гузориши Қумитаи ҳолатҳои фавқулодда Таъкид шуд, ки Комиссияи байниидоравии ҳукуматӣ фаъолият барои кӯчондани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфдорро идома дода истодааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад