Фаластин хостори таваққуфи ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи “Масҷидул-Ақсо” шуд

Вазорати умури хориҷаи Фаластин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ хост, ки барои ҷилавгирӣ аз идомаи ҳамалоти режими палиди саҳюнистӣ ба "Масҷидул-Ақсо" иқдомоти ҷиддӣ анҷом диҳад .

 

 

Вазорати умури хориҷаи Фаластин, тайи баёнияе эълом кард : ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои ҷилавгирӣ аз идомаи ҳамалоти режими террористӣ саҳюнистӣ ба “Масҷидул-Ақсо” иқдомоти ҷиддӣ анҷом диҳад .

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст : мо ҳамлаи имрӯзи ифротгароёнаи яҳудӣ ба “Масҷидул-Ақсо”-ро шадидан маҳкум мекунем . Режими палиди Исроил масъӯли ин ҳамалот буда ва пайомадҳои он бар уҳдаи ин режими манҳус аст.

Ин дар ҳолеаст, ки беш аз 500 тан аз шаҳракнишинони яҳудӣ субҳи якшанбе бо ҳимояти низомиёни палиди Исроил ба “Масҷидул-Ақсо” дар Қудси ишғолӣ ҳамла бурданд .

Полиси режими палиди саҳюнистӣ, аз соли 2003 ба ин сӯ ба шаҳракнишинони яҳудӣ иҷозаи ҳамла ба муҳавватаи “Масҷидул-Ақсо”-ро додааст .

Идораи авқофи исломӣ дар шаҳри Қудс, вобаста ба вазорати Авқофи Урдун ин иқдомро маҳкум карда ва хостори таваққуфи он шуд .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад