Шӯрои уламо: Аз идгардак худдорӣ кунед!

Шӯрои уламои кишвар дар бораи муроҷиати худ бо назардошти ривоҷи коронавирус гуфтааст, ки аз идгардак худддорӣ шавад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар муроҷиатномае бо назардошти вазъи эпидемиологӣ аз бузургону хурдсолони кишвар даъват кардааст, ки дар рӯзи Иди Қурбон аз идгардак худдорӣ кунанд.

Тибқи изҳороти Шӯрои уламо, одатан дар рӯзҳои ид мардум, хусусан кӯдакон ба идгардак мебароянд, ки дар чунин вазъ хатари сироятёбиро бештар мекунад.

Манбаъ афзудааст: “Аз хона ба хона, аз маҳалла ба маҳалла рафта, рӯзи дароз дар назди дари мардум бо дасти дароз оворагардӣ мекунанд. Бояд донист, ки аз сабаби хона ба хона гаштани хурдсолон, дар рӯзи ид хатари сироятёбӣ ва сирояткунонии дигарон ба маротиб меафзояд”.

Шӯрои уламо афзудааст, ки гурӯҳи дигари талабагон ба хонаҳо омада, маҷбуран оят мехонанд. Ҳол он, ки худ саводи динӣ надоранд ва ҳатто сураи фотиҳаро ғалат мехонанд.

Ба таъкиди ин ниҳод, кӯдакон бояд ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд, на ин ки дар кӯчаву хиёбонҳо беҳуда гаштугузор намоянд.

Манбаъ таъкид кардааст: “Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти муроҷиатномаи Шӯрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар шарт аст. Аз ин рў, тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кўдакон худдорӣ намоянд”.

Шӯрои уламо аз ҳамаи сокинон даъват кардааст, ки барои ҳифзи саломатии худ ва наздиконатон ҳатман аз ваксинатсия гузаранд, зеро эмгузаронӣ (ваксинатсия) ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат аст.

Ҳамзамон ин ниҳод аз кулли намозгузорон даъват кардааст, ки рӯзи ид ба намозгоҳ бо дастпӯшак ва ниқоб оянд.

Пеш аз ин ҳам шаҳрдории Душанбе дар мулоқот бо масъулин ба риояи қатъии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ, диққати ҷиддӣ додан ба тозагию озодагии марказҳои саломатии пойтахт, риояи фосилаи иҷтимоӣ дар масҷидҳо таъкид гардид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад