Омори заминларзаи Рашт: 5 кушта, 16 захмӣ ва вайронии 176 хонаю як мактаб

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки бар асари заминларзаи субҳи 10 июл дар шарқи кишвар  5 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафар маҷруҳ шудаанд.

Бар асоси омори ҚХФ, 4 нафари ҳалокшудагон кӯдакони ноболиғи 4, 6, 7 ва 14-сола ва якеи дигар як зани 70-сола будаанд. Бино ба арзёбиҳои муқаддамотии комиссияи махсуси ҳукуматӣ, бар асари заминларза  дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт  ва деҳаи Хайрони ноҳияи Сангвор дастикам 176 хона хароб шудаанд, аз ҷумла  29 хона дар Тоҷикобод, 145 хона дар Рашт ва ду хона дар Сангвор. Аз ин шумор 22 хона пурра, 26 хонаи дигар қисман хароб шуда, 129 хонаи боқимонда ва як мактаб дар ҷамоати Аскалони ноҳияи Рашт зарари сабук дидаанд.

Ҳамчуноне хабар дода будем, субҳи рӯзи гузашта, 10-уми июл дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази заминларза  165 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 21 километраи шарқи ноҳияи Рашт буда, қувваи он дар марказаш 5-6 балл,  дар шаҳри Душанбе  2-3 баллро ташкил дод.

Тибқи маълумотҳои пешакӣ, ки аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии ҳолатҳои фавқулодда ироа шуд, дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаи Саричашмаи  ноҳияи Тоҷикобод 29 хонаи шаҳрвандон вайрон  шудааст. Аз инҳо 7-хона пурра, 10 хона қисман зарар дидаанд. Ба 12 манзили зисти сокинон зарари сабук расидааст.

Дирӯз ҳам хабар дода шуда буд, ки бар асари ин заминларза 5 нафар ба ҳалокат расиданд, 16 нафар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳия интиқол дода шудаанд.

Комиссияи ёдшудаи ҳоалтҳои фавқулода исми фавтидагонро ба ин тартиб муайян намуд:

Мирзошоев  Фирдавс соли таваллудаш 2007,

Куканов Аёзиддин соли таваллудаш 2014,

Маҳмадулоева Турон соли таваллудаш 1951,

Булулова Роҳбия соли таваллудаш 2017,

Боймуродов Қадриддин соли таваллудаш 2015.

Ҳамчуноне дида мешавад, танҳо як нафари ин фавтидагон 70 сол доштааст, боқӣ наврасону кӯдакон буданд, ки аз 4 то 14 сол умр доштанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад