Дастури Озода Раҳмон барои ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи чиптаҳо

Озода Раҳмон нисбати пешгирӣ аз афзоиши нархи чиптаҳо фармон содир кард.

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз гароншавии нархи чиптаҳо ба самти Русия дастур додааст.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон барои танзими нарх ва ҷилавгирӣ аз болоравии арзиши чиптаҳои парвоз ба Русия дастур додааст.

Дар ин бора телевизиони давлатии “Тоҷикистон” чунин гузориш додааст: “Тибқи дастури роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва протоколи ҷаласаи якҷояи роҳбарияти ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар хатсайрҳои самти Русия, арзиши як чипта дар ҳар ду самт ба 500 доллари амрикоӣ баробар ба 5800 сомонӣ муқаррар шудааст.”

Дар гузориш таъкид шудааст, ки шахсони манфиатхоҳ бо истифода аз мушкилоти пешомада, чиптаҳоро гарон мефурӯшанд, ки ин амалашон боиси паст гардидани эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ мегардад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад