Кушта шуданди ҳаддиақал 49 тан дар оташсӯзии як корхона дар Бангладеш

Дасти кам 49 нафар бар асари оташсӯзии рӯзи гузашта дар як корхонаи тавлиди нӯшиданӣ ва маводи ғизоӣ дар Бангладеш кушта шуданд.

 

 

Рассел Шакер, аз масъӯлони оташнишонии Бангладеш дар баёнияе эълом кард, ки дар оташсӯзие ки корхонаи тавлиди нӯшиданӣ ва маводи ғизоӣ дар Дакка, пойтахти ин кишвар рӯх дод дасти кам 49 нафар ҷони худро аз даст доданд .

Ба гуфтаи вай ин оташсӯзӣ дар корхонаи панҷ табақа дар минтақаи “Попеога” дар атрофи Д акка рӯй додааст .

Рассел Шакер эълом кард, ки токунун аҷсоди 17 танро берун кашидаанд, аммо шумори дақиқи маҳсӯр ва нопадидшудагон номаълум аст .

Ҳануз гузорише дар хусӯси иллати ин оташсӯзӣ мунташир нашудааст .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад