Фармони Раҳмон барои интиқоли 20 ҳазор низомӣ ба марз

Эмомалӣ Раҳмон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон супориш дод, ки 20 ҳазор низомbи эҳтиётиро ба марз бо Афғонистон сафарбар созад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ вазъ дар марз бо Афғонистонро баррасӣ карда, барои сафарбарсозии нерӯҳои иловагӣ дастур дод

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, дастуроти раисиҷумҳур дар мавриди марз бо Афғонистон дар пайи шунидани гузориши фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон дода шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Тоҷикистон супориш додаст, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон чораҳои мушаххас андешанд.

Дар иттилоия омадааст: “Дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи сарҳади давлатӣ иқтидори муҳофизатии сарҳад пурзӯр карда шуда, ба минтақаҳои зарурӣ қувваҳои иловагии низомӣ равона гардад”.

Раисиҷумҳур таъкид намудаст, ки дар баробари пурзӯр кардани иқтидори ҳимоявии сарҳад ба масъалаи пешгирии қонуншиканӣ дар сарҳади давлатӣ, аз ҷумла пешгирии ҷинояткории фаромиллӣ, терроризму экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, таваҷҷуҳи махсус равона гардад.

Ҷаласаи Шӯрои амниятӣ дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир созмони террористии мамнӯи Толибон дар шимоли Афғонистон навоҳии ҳаммарз бо Тоҷикистонро таҳти назорати худ дароварда, бисёри низомиёни афғонро водор ба фирор ба қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад