Теъдоди қурбониёни КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 4 миллион нафар гузашт

КОВИД-19 то имрӯз наздик ба 185 миллион нафарро мубтало кардааст, ки беш аз 4 миллион нафар фавтидаанд.

Бар асоси гузориши сайти “worldometers” то лаҳзаи хабар, 184 миллиону 941 ҳазору 888 нафар дар ҷаҳон ба КОВИД-19 мубтало шудаанд.

То ҳол бар асари ин вирус 4 миллиону 884 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Теъдоди 169 миллину 316 ҳазору 371 нафар тавонистаанд дар мубориза бо КОВИД-19 ғолиб омада ва саломатии худро ба даст оваранд.

Мутаассифона густариши коронавирус дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон дар ҳоли афзоиш аст ва мақомоти он кишварҳо саъй доранд, ки маҳдудиятҳоро дубора барқарор кунанд.

Дар Тоҷикистон ҳам тибқи эълони Вазорати тандурустӣ дар 24 соати гузашта бар асари ин вирус ду нафар фавтидаанд.

Аммо расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз авали мавҷи дувуми коронавирус дар Тоҷикистон дастикам аз 16 ҳолати марг аз ин вабои аср хабар доданд.

Ҳамчунин тайи як шабонурӯз 26 бемори нави коронавирус ошкор шуда, 17 кас шифо ёфтаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад