Таъкиди вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Эрон ба густариши равобит дар соҳаҳои гуногун

Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои эронии худ дидор кард ва масоили гуногун мавриди баррасии тарафйн қарор гирифт.

Дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадҷаводи Зариф вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.

Инчунин зарурати татбиқи тавофуқоти ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Эрон, ки 7-8 июни 2021 дар Душанбе баргузор гардида буд, таъкид шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад