Оташсӯзии густарда дар як корхонаи тавлиди маводди кимявӣ дар Чикагои ИМА

Расонаҳои маҳаллӣ аз вуқуъи инфиҷор ва оташсӯзии густарда дар як корхонаи тавлиди маводди кимявӣ дар шаҳри Чикагои Амрико хабар доданд .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, ҳаволии соати 7 ва 30 дақиқаи субҳи рӯзи душанбе нерӯҳои имдод ва наҷот барои хомӯш  кардани оташсӯзии густарда дар як корхонаи тавлиди маводди кимявӣ дар шаҳри Чикаго воқеъ дар иёлати Иллинойси Амрико ба суръат ба маҳали ҳодиса эъзом шуданд .

Ин оташсӯзии густарда дар яке аз сохтумонҳои ширкати “Kemtool”, яке аз бузургтарин тавлидкунандагони равған ва маҳсулоти равғани автомобил дар ҷаҳон, ба вуқуъ пайваст .

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, ки ҳалқаҳои азиме аз дуди сиёҳ бар фарози сохтумони ин корхона қобил мушоҳида буд .

Ба гуфта раиси созмони оташнишонии Роктон, танҳо як тан аз коркунони ин корхона захмӣ шуда ва сойири коркунон ба суръат аз маҳали ҳодиса хориҷ шуданд .

Гуфта мешавад, ки минтақаи пиромуни ин корхона низ тахлия шудааст .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад