Абдулқодирзода: Ҳаҷ фарз нест!

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, имсол рафтан ба Ҳаҷ фарз нест.

Раиси Шӯрои уламо дар робита ба маҳдудиятҳои ҷоринамудаи Арабистони Саудӣ бобати Ҳаҷ изҳор дошт, ки имсол барои тоҷикистониён адо намудани Ҳаҷ фарз нест.

Абдулқодира далели ин гуфтаҳояшро чунин шарҳ дод, ки “дар ин сафар монеа ва хатари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Зимнан, ӯ тавҳеҳ дод, ки дар тӯли таърих маротибаи панҷум мешавад, ки ҳаҷ кардан барои мусалмонон дар ҳарам манъ кара мешавад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар маслиҳат дод, онҳое, ки нияти ҳаҷ намуда, сафархарҷиашонро ҷамъ намудаанд, хуб мешавад, агар он маблағро барои ободонии манзили зисти хеш ва атроф сарф намуда, ба оилаҳои камбизоату ниёзанд, инчунин шахсони маъюбу ятим дасти кӯмак дароз кунанд.

Муфтӣ таъкид кард: “Ман аз ҳамаи онҳое, ки азми сафари муборак карда буданд, хоҳиш мекунам маблағҳои пасандозашонро, ки дар даст доранд, барои ободонӣ ё корҳои хайр анҷом бидиҳанд ва фурсатро ғанимат дониста, аз ин савоб худро маҳрум насозанд”.

Ёдовар мешавем, ки Арабистони Саудӣ рӯзи шанбе, 12 июн эълом дошт, ки ба 60 ҳазор сокинони алайҳи Covid-19 эмгузаронишуда соли равон барои адои маросими ҳаҷ иҷозат медиҳад.

Аммо, соли дуюм аст, ки пайдарпай ба мусалмонони хориҷӣ барои адои маросими ҳаҷ иҷозат дода намешавад. Шоҳигарӣ изҳор доштааст, ки кишварҳои дигарро аз тасмимаш дар мавриди роҳ надодани зоирон аз кишварҳои хориҷӣ огоҳ кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад