Инфиҷори газ дар Чин бо 11 кушта ва 37 захмӣ

Нерӯҳои имдодии Чин дар ҳоли расидагӣ ба ҳодисае ҳастанд, ки инфиҷори қубури газ дар як муҷтамаъи маскунӣ рақам зад .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Reuters”, инфиҷори қубури газ дар як муҷтамаъи маскунӣ дар маркази Чин, то кунун 11 кушта ва 37 захмӣ бар ҷой гузоштааст .

Ҳудуди 144 нафар низ сохтумони маҳалли ҳодисаро тахлия кардаанд, дар ҳоле ки ҳоли бархе аз маҷруҳон номусоид гузориш мешавад .

Ин ҳодиса дар шаҳри “Сиан”-и устони “Хубӣ”, ҳудуди соати 11 субҳ ба вақти маҳаллӣ рух дода ва амалиёти имдодӣ ҳамчунон идома дорад .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад