Таъкиди раиси МТС ба таҳдиди хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ

Зиёӣ, раиси МТС дар ҷаласаи мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ”, дар Душанбе доир доир гардид, аз хатарҳо ва таҳдидҳо гуфт

Ҷаласаи мизи гирд дар мавзӯи “Фазои маҷозӣ: имкоият ва таҳдидҳо ба амнияти миллӣ” дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе доир гардид. Дар ҷаласа раиси ин ниҳод, Хуршед Зиёӣ аз таҳдиди хатари шабакаҳои иҷтомӣ ба амнияти миллӣ хабар дод.

Хуршед Зиёӣ гуфт: “Имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоии интернет ба таври васеъ истифода мекунанд”.

Гуфта мешавад дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва коршиносон ширкат доштаанд.

Ба гуфтаи Хуршед Зиёӣ, дар ин асри навин иттилооти фазои маҷозӣ бар тафаккури ҷомеа таъсир мегузорад. Ба назари ӯ, бояд таъмини амнияти фазои маҷозӣ дар замони муосир ба яке аз унсурҳои асосии таъмини амнияти миллӣ мубаддал шавад.

Зиёӣ гуфт: “Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва ғаразнок аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, дастаҷамъона тадбирҳои самарабахш наандешему амалӣ насозем, метавонад барои амнияти миллии давлатамон хатар эҷод намояд”.

Аммо Хуршед Зиёӣ дар ин ҷаласа дақиқ нагуфта, ки кадом гурӯҳ чӣ коре анҷом додааст. Вале ангушти ишора ба сӯи мухолифони ҳукумати Раҳмон, бахусус ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф шудааст, ки чандест дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шудаанд ва аз камдиҳои ҳукумату поймол шудани ҳуқуқҳояшон дар кишвар ошкор интиқод мекунанд.

Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки рафторҳои ғайриқонунии ҳукуматдорон, аз ҷумла рабудани чеҳраи саришиноси мухолифи Ҳукумат, ба монанди Иззат Амон, аъзоёни “Гурӯҳи 24” аз Русия ва дигар фаъолон аз кишварҳои гуногун сабаби фаъол шудани мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гаштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад