Таъкиди намояндагони парлумони Тоҷикистону Эрон ба густариши ҳамкориҳо

Раисони кумитаҳои маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон бо ду нафар аз намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, ки дар сафари расмӣ дар Душанбе ба сар мебаранд, дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва Файзулло Баротзода, раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон бо Маҳдӣ Туғёнӣ ва Кайвон Муродиён, вакилони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ қарор доранд, мулоқот намуданд.

Ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибати ду кишвари дӯст баррасӣ шуд. Бештар ба масъалаҳои вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва илму фарҳанг мароқ зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои муштарак дар масъалаи омӯзиши таъриху фарҳанг, забону адабиёти муштараки мардумони порситабор ба хусус, дар матни дастнависҳои маҳфузмонда хидмати мондагоре дар бахши эроншиносӣ хоҳад буд. Ҳамчунин ҳамкории муштарак дар бахши омода  намудани олимон ва мутахассисони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ  дар ҳамкориҳои оянда мувофиқи мақсад дониста шуд. Илова бар ин зикр гардид, ки омӯзиши фарҳанги Яғноб, Язғулом ва дар маҷмӯъ забонҳои помирӣ ҳамчун гуишҳои забони порсии қадими шарқӣ ва зарурати омӯзиши ҳамин бахшҳо таваҷҷуҳи олимони соҳа ҷалб карда шуд.

Масъалаи омӯзиши муштараки дастнависҳои шарқӣ бахусус давраи баъд аз қарни 15 милодӣ то ибтидои асри 20 ҳанӯз мавриди омӯзиши ҷиддӣ қарор нагирифтааст, ки таваҷҷуҳи олимони соҳаро ба ин раванд ҷалб кардан лозим меояд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин таъкид намуданд, ки Эрон ва Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар буда, дар оянда ҳам дар масири тавсеа ва таъмиқи дӯстиҳо ва бародариҳо ҳаракат хоҳанд кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад