Истиқболи расмӣ аз раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Анкара

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз ҳамтои Қирғизистонии худ дар Анкара ба сӯрати расмӣ истиқбол кард.

 

 

Садир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки дар раъси ҳайате барои анҷоми чанд дидори расмӣ ба Анкара сафар карда, дар муҷтамаи раёсати ҷумҳури Туркия аз сӯи Раҷаб Тайиб Ардуғон, ҳамтои турки худ мавриди истиқбол қарор гирифт .

Пас аз қарор гирифтани Раҷаб Тайиб Ардуғон ва Садир Ҷабборов, дар ҷойгоҳи вижа ва иҷрои суруди миллӣ ду кишвар, 21 тӯб шиллик шуд .

Пас аз иҷрои маросим, ҳайатҳои ҳозири Туркия ва Қирғизистон аз сӯи раҳбарони ду кишвар ба якдигар муаррифӣ шуданд .

Дар ин маросим, шонздаҳ низомӣ ба ифтихори ҳукумате ки туркҳо дар тули таърих ташкил додаанд низ ба сурати намодин ҳузур ёфтанд .

Бо поёни маросим нишастҳои ду ҷониба ва байни ҳайатҳои мақомоти ду кишвар оғоз шуд .

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад