Беш аз ними аз нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ шуданд

Фармондиҳии маркази Амрико эълом кард, ки беш аз 50 дар сади нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистон хориҷ шуданд .

 

 

Фармондиҳии марказии иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард : беш аз ниме аз нерӯҳои мо токунун аз Афғонистон хориҷ шудаанд .

Дар ин баёния ҳамчунин омада, то кунун 500 ҳавопаймои бории “C-17”, ҳомили таҷҳизот аз Афғонистон хориҷ шудааст .

Тибқи ин баёния, то кунун 13 ҳазор қитъа силоҳ ҳам ба хориҷи Афғонистон мунтақил шуда ва 6 таъсисот ҳам ба артиши Афғонистон таҳвил дода шудааст .

Амрико ҳамчунин эълом кард, ки аз ин ба баъд ба далоили амниятӣ мизони пешрафти мушаххасе аз хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон эълом нахоҳад шуд .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад