Ҷонбохтани 13 нафар дар Мадинаи Мунаввара ба далели қатъи оксиген

Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Арабистон аз ҷонбохтагони 13 нафар дар бемористони давлатии Мадина ба сабаби қатъи оксиген хабар доданд .

 

 

Ба гузориши шабакаи телевизиюнии “Ал-Олам”, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Арабистон ба сӯрати густардае хабари фавти 13 беморро дар бемористони давлатии Мадинаи Мунаввара ба сабаби қатъ шудани оксиген пӯшиш доданд . Ин пӯшиши хабарӣ дар ҳоле сӯрат мегирад, ки давлати Арабистон шадидан ин хабарро сансур кардааст . Фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ эълом карданд ин иттифоқ ҳафтаи гузашта рух дод . Асомии ҷонбохтагони ин ҳодиса мунташир нашудааст .

Рӯзномаи Ал-Мадина чопи Арабистон, ба нақл аз манобеи огоҳ эълом кард, бисту шашуми моҳи май нақс дар тахтаи тақсимоти оксигени тавзеъ дар бемористони давлатии Мадина рух дод .

Ин ҳодиса ба шиддат хашму нороҳатӣ дар миёни мардуми Арабистон эҷод кард .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад