Масъули итилоъ расонии бошгоҳи “Усарои фаластинӣ”, ба хабарнигорон гуфт : низомиёни режими палиди саҳюнистӣ аз оғози моҳи ҷорӣ то кунун дар Каронаи Бохтарии Руди Урдун ва Қудси шарқӣ 120 фаластиниро боздошт кардаанд .
Вай афзуд : аз ин теъдод 20 нафар бомдоди имрӯз дар Қудс, Ромуллоҳ ва Алхалил боздошт шудаанд .
Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳама рӯза ба баҳонаҳои мухталиф ба хонаҳои Фаластиниён дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ ҳамла барда ва ононро боздошт мекунанд .
Бар асоси гузориши бошгоҳи “Усарои Фаластинӣ”, 4650 нафар аз Фаластиниён аз ҷумла 180 кӯдак ва навҷавон ва 39 зан дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд, ки ҳудуди 500 нафар аз онҳо дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ зиндонӣ ҳастанд .
Режими саҳюнистӣ дар чорчуби қонуни боздошти идорӣ фаластиниҳоро бидуни ироаи ҳеч санад ва мадрак, ҳатто бидуни тарҳи иттиҳоми мушаххас то панҷ сол зиндонӣ мекунад .