“Шароити вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия осон хоҳад шуд”

Муҳоҷирон дар сохтмонҳо лозим ҳастанд: барои онҳо шарти вуруд ба Русия сода мешавад ва ҳамзамон эмгузаронии ҳатмӣ алайҳи коронавирус роҳандозӣ мешавад.

Марат Хуснуллин, ноиби сарвазири Русия изҳор доштааст; ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ҳавасманди кор дар сохтмонҳо Русия мебошанд, шароити вуруд ба кишвар осон хоҳад шуд. Илова бар ин барои шаҳрвандони хориҷӣ гирифтани ваксин алайҳи коронавирус ҳатмӣ мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло норасоии қувваи корӣ дар сохтмонҳои Русия масъалаи доғ шудааст.

Хуснуллин мегӯяд, басанда набудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия метавонад боиси коҳишёбии иқтисоди кишвар шавад.

Хуснуллин шарҳ додааст: “Шаҳрвандони хориҷ дар сохтмонҳои кишвар то 12 соат кор мекунанд ва аз 30 то 40 ҳазор музди меҳнат мегиранд. Дар ҳоле, ки чунин шароиту маблағ шаҳрвандони бумиро қонеъ намекунад”.

Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия зимни як Форуми иқтисодӣ дар шаҳри Санкт – Петербург изҳор дошт, ки системаи ҳатмии пулакии мгузаронӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ таҳия карда шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад