Ҳамлаи мусаллаҳона дар Флорида бо 2 кушта ва 20 захмӣ

Дар ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Майамии иёлати Флоридаи Амрико, 2 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд .

 

 

Ба гузориши мақомоти полиси шаҳри Майамии иёлоти Флорида, се нафар дар соати аввалияи субҳ аз автомобил пиёда ва ба самти мардум тирандозӣ карданд, ки дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шуданд .

Муҳоҷимон пас аз тирандозӣ савори автомобил шуда ва аз маҳали ҳодиса гурехтанд .

Вазъияти яке аз афроди захмӣ вахим гузориш шудааст .

Полис эълом кард, ки ин ҳамла дар маконе ки қарор буд барномае дар онҷо баргузор шавад анҷом гирифтааст .

Ба далели афзоиши ҳамалоти мусаллаҳона дар Иёлоти Муттаҳида дар рӯзҳои ахир, қавонини қонуни ҳамли силоҳ дар ин кишвар дубора мавриди баҳс қарор гирифтааст .

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳамалоти мусаллаҳона дар ин кишварро “Эпидемияи хушунат” хонда ва пас аз ҳамлаи мусаллаҳона дар 26 май дар Сан-Хосе фармон дод, ки парчами ин кишвар барои эҳтироми қурбониён нима барафрошта шавад .

 

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад