Низомиёни саҳюнистӣ бо тир се фаластиниро захмиӣ карданд

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ дар минтақаи Наълайн дар ғарби Ромуллоҳ бо тир се фаластиниро захмӣ карданд .

 

 

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ дар минтақаи Наълайн дар ғарби Ромуллоҳ бо тир се фаластиниро захмӣ карданд .

Имод ал-Хавоҷа, шаҳрдори минтақаи Наълайн, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор дошт : ҳодисаи мазкӯр замоне рух дод, ки ҳазорон нафар аз ҷавонони фаластинӣ барои ҷилавгирӣ аз ишғоли заминҳояшон тавассути шаҳрак нишинони яҳудӣ ба самти минтақаи “Ҷабалул Олим” ҳаракат мекарданд .

Вай афзуд : низомиёни режими палиди саҳюнистӣ аз субҳи имрӯз вуруди минтақаи Наълайнро бастаанд ва фаластиниёне, ки қасд доштанд ба ин минтақа биравандро бо гази ашковар ва шиллики тир мутафарриқ карданд .

Ба гуфта вай, дар ин даргирӣ се фаластинӣ ба зарби тири низомиёни саҳюнистӣ аз ноҳияи по маҷрӯҳ шуда ва ба бемористон интиқол ёфтанд .

Рӯзи гузашта низ дар ҳамлаи шаҳрак нишинони яҳудӣ ба кишоварзони фаластинӣ дар Наълайн 13 нафар захмӣ шуданд .

Гуфтани аст 13 шаҳраки ғайри қонунии яҳуди нишин дар Қудси шарқӣ ва 253 шаҳрак низ дар Каронаи Бохтарӣ вуҷуд дорад, ки беш аз 650 ҳазор яҳудӣ дар онҳо зиндагӣ ва шароити фаластиниёнро беш аз пеши сахттар кардаанд .

Тибқи қавонини байналмилалӣ тамоми шаҳракҳои яҳуди нишини воқеъ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин ғайри қонунӣ ҳастанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад