Чаро Нетаняҳу аз қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башар асабонӣ аст?

Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид ахиран ба оғози таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи ҷароими режими саҳюнистӣ дар таҷовузгарии 11 рӯза ба Навори Ғазза раъйи мусбат дод.

Дар пешнависи қатъномае, ки “Созмони ҳамкории исломӣ” ироа кард, бар зарурати баррасии дақиқи ҷароими суратгирифта таъкид шуда ва аз Шӯрои ҳуқуқи башар Созмони милали муттаҳид хоста шудааст, ки фавран барои ташкили Комиссияи мустақилу байналмилалӣ дар бораи Фаластини ишғолӣ аз ҷумла Қудси шарқӣ ва Исроил иқдом кунад.

Ҳамчунин Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим рӯзи ҷумъа ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башарро “шармовар” тавсиф кард ва муддаӣ шуд, ки ҳамалот ба Навори Ғазза ва куштори кӯдакону занони фаластинӣ, машруъ ва қонунӣ буд.

Дар бораи иллати асабонияти режими саҳюнистӣ ва нахуствазири он аз ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башар чанд нукта аҳаммият дорад:

Нахуст инки Шӯрои ҳуқуқи башар ниҳоде вобаста ба Созмони милали муттаҳид аст ва иқдоми он дар бораи режими саҳюнистӣ ва таҷовузгарии он алайҳи Ғазза, иқдоме ҳаддиақалӣ дар сатҳи байналмилал дар вокуниш ба ҷиноятҳои ин режим дар Навори Ғазза аст.

Дуввум инки ин иқдоми Шӯрои ҳуқуқи башар, муҳри тайиде бар шикасти режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза ба шумор меравад. Бинобарин, ин қатънома дар воқеъ хатти бутлоне бар ду иддаои ин режим аст: Нахуст иддаои пирӯзии режими саҳюнистӣ бар гурӯҳҳои муқовимат ва дуввум, ҳадаф қарор додани аҳдофи низомии мутааллиқ ба гурӯҳҳои муқовимат дар Навори Ғазза.

Нуктаи сеюм дар бораи иллати асабонияти ҷунуномези Бенямин Нетаняҳу дар ин бора ин аст, ки ин мавзуъ, гувоҳе бар воҳагуиҳои нахуствазири ҷинояткори режими саҳюнистӣ аст.

Аз ҷумлаи ин афрод Авигдор Либерман, вазири ҷанги пешини режими саҳюнистӣ буд, ки бо изъон ба нотавонии “артиши шикастнопазир!” ба сароҳат гуфт, “агар артиши бузурги мо наметавонад Ҳамос ва муттаҳидони онро шикаст бидиҳад, вазъи он дар ҷанги эҳтимолӣ бо Эрон ва Ҳизбуллоҳ чигуна хоҳад буд?”

Аз ин рӯ, метавон асабонияти нахуствазири режими саҳюнистӣ ва ниҳодҳои зери назари ӯ монанди Вазорати умури хориҷаро дар ваҳшати ӯ дар бораи ояндаи сиёсиаш донист, ки дар интизораш аст ва саҳюнистҳо аз ӯ нахоҳанд гузашт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад