Афзоиши 3 баробарии гардиши молии Тоҷикистон ва Беларус

Нахуствазири Тоҷикистон дар чорчӯби сафари кории худ ба Беларус ба манзури ширкат дар нишасти Шӯрои нахуствазирони ИДМ бо ҳамтои беларусии худ дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба нақл аз Форс, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дар сафари кории худ ба Беларус бо Роман Головченко, нахуствазири ин кишвар мулоқот кард.

Головченко дар ин мулоқоти равобити кишварашро бо Тоҷикистони дӯстона хонд ва гуфт: “Дар симои Тоҷикистон, мо шарики муҳим ва қобили эътимодро мебинем.”

Вай афзоиш тақрибан 3 баробарии гардиши молӣ байни ду кишвар дар соли 2020-ро бисёр муҳим донист ва гуфт: “ин беҳтарин нишондиҳандаи он аст, ки мо на танҳо гуфтугӯ мекунем, балки иқдомоти мушаххасе анҷом медиҳем.”

Расулзода низ дар ин дидор бо ибрози ризоят аз сатҳи равобити Душанбе бо Минск ба муносиботи дӯстона ва бародаронаи сарони ду кишвар ишора кард, ки имкони тавсеъаи муассири равобити дуҷониба дар сутӯҳи мухталиф байни ду кишварро фароҳам мекунад.

Вай гуфт: “Тоҷикистону Беларус барои тавсеъаи тиҷорат аз имконоти азиме бархӯрдор ҳастанд.”

Гуфтанист, ки нахуствазирони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла нахуствазири Тоҷикистон дар чорчӯби сафар ба Беларус ҳамчунин бо Александр Лукашенко, раисиҷумҳур ин кишвар мулоқот карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад