Тағйирот дар қоидаҳои додани шиносномаҳои хоирҷӣ дар Русия

Қоидаҳои навшудаи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар Русия мавриди амал қарор мегиранд.

Дар Русия аз 30 май қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷӣ тағир хоҳанд ёфт, менависад “Парламентская газета”.

Тартиби нав ба он русҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, таъсир мерасонад. Фармони дахлдори Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия аз 30 май эътибор пайдо мекунад.

Акнун шаҳрвандони Русия, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, маҷбуранд барои гирифтани ҳуҷҷат ба ин кишвар оянд.

Мӯҳлати додани ҳуҷҷат мисли қаблӣ барои онҳое, ки дар ҷои истиқомат муроҷиат кардаанд, то як моҳ ва барои онҳое, ки мехоҳанд онро дар ҷои будубош гирианд, се моҳ хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки ҳангоми сабти номи шиносномаи пешин боҷи давлатӣ ду ҳазор рубл хоҳад буд, барои шиносномаи биометрӣ бошад панҷ ҳазор аст.

Барои сабти ҳуҷҷати нав изи ангушт лозим аст.

Аммо, шаҳрвандоне, ки дар ҳолатҳои фавқулода қарор гирифтаанд ва мехоҳанд ба ивази ҳуҷҷати гумшуда ё куҳнашуда ҳуҷҷате гиранд, аз супоридани маблағҳои зикршуда озоданд

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад