Пайвастани Эрон ба Шанхай аз барномаҳои аслии ин созмон аст

Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхайро аз барномаҳои аслии ин созмон донист.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон рӯзи якшанбе бо баёни ин ки пайвастани Эрон ба Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба унвони узви аслӣ аз барномаҳои ин созмон аст, гуфт: Тасмимоти созмон бояд бо ризоияти ҳамаи кишварҳои узв бошад.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон афзуд: Дар ҳоли ҳозир раёсати созмон бар уҳдаи Тоҷикистон аст ва шаҳривармоҳи имсол (1400) ва дар бистумин нишасти СҲШ раёсати баъдии созмон ба Узбакистон мерасад.

Низомиддин Зоҳидӣ ҳамчунин гуфт: СҲШ аз созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳон ба шумор меравад.

Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли 2001 бо мушорикати Чин, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо рӯйкард ба ҳамкориҳои чандҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бунён гузошта шуд.

Ин созмон акнун 12 узв дорад.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Белорус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

Ҳузури Эрон ба унвони узви нозир дар Созмони Ҳамкории Шанхай фурсатҳои тозаеро барои ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, сиёсӣ ва амниятӣ бо тавваҷуҳи зарфиятҳои Эрон эҷод кардааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад