Баргузории тазоҳуроти ҳимоят аз Фаластин дар Вашингтон

Гурӯҳе аз мардуми Амрико дар ҳимоят аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дар Вашингтон таҷаммуъ карданд .

Ҳазорон нафар аз ақаллиятҳои араб ва мусулмон аз ҷумла фаластиниҳои муқими Амрико рӯзи шанбе дар муқобили бинои Авраҳам Линколн дар Вашингтон таҷаммуъ карданд .

Тазоҳуркунандагони зимни ҳимоят аз мардуми Фаластини ҷиноёти режими саҳюнистиро маҳкум карданд .

Пеш аз ин низ дар дигар шаҳрҳои Амрико ҳамчун Элпасо ва Чикаго тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз мардуми Фаластин баргузор шуд .

Бисёре аз мақомоту сенаторҳои амрикоӣ то кунун аз ҳимояти беқайду шарти Кохи Сафед аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ интиқод кардаанд .

Берни Сандерс-сенатори мустақили иёлати Вермонти Амрико дар тветте бо ишора ба кумаки низомии солона ҳудуди 4 миллиард долларии Амрико ба Исроил навишт : Ин ғайриқонӯнӣ аст, ки бо кумакҳои Амрико аз нақзи ҳуқуқи башар ҳимоят шавад .

Тибқ ёфтаҳои назарсанҷии соли 2008-и Галоп фақат 33 дарсади демократҳо бо афзоиши фишори Амрико ба Исроил барои додани имтиёзҳои бештар ба фаластиниён мувофиқ буданд; дар ҳоле ки натоиҷи назарсанҷиҳои ахири ин муассиса нишон медиҳад, ки акнун 53 дарсад аз аъзои ҳизби Демократ бо фишори бештар бар Исроил мувофиқ ҳастанд .

Низомиёни ишғолгари саҳюнист аз 10 май ҳамалоти ваҳшиёна алайҳи борикаи Ғазза ва фаластиниҳоро оғоз карданд, ки бар асари ин ҳамалот садҳо фаластинӣ аз ҷумла 69 кӯдак, 39 зан ва 17 солхурда ба шаҳодат расида ва 1910 нафар низ захмӣ шуданд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад