Афзоиши фасаод дар Қириғизистони демократӣ

Бо вуҷуди тағйири чандин давлат дар Қирғизистон, фасоди молӣ ва дарёфт ришва дар сатҳи мақомҳои баландпояи ин кишвар ҳамчунон дар ҳол афзоиш аст.

Дар ҳамин замина, Аскар Акаев, раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон, фасоди ҳоким бар дастгоҳҳои давлатии ин кишварро ба вирусе ташбеҳ кард, ки тамомии аркони қудратро фаро гирифтааст.

Аскар Акаев дар мусоҳиба бо шабакаи “Автор тв” гуфт, фасоди молӣ ба давлату иқтисоди осеб мерасонад ва ҳамчунин мардумро ба мақомҳои давлати Бишкек бе эътимод карда ва ба эътибори кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ латма ворид мекунад.

Ҷумҳурии Қирғизистон яке аз панҷ ҷумҳурии Осиё Марказӣ аст. Қирғизистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба унвони “ҷазираи демократия” номгузорӣ шудааст. Ба тавре, ки ҳатто фарзандони раисони ҷумҳурии ин кишвар низ ҳамвора орзӯи дастёбӣ ба қудратро дар сар мепарваронданд. Аммо қавонин ҳоким бар ин кишвар ҳамвора монеъи таҳаққуқи хостаҳои фарзандони сарони Қирғизистон маҳсӯб шудааст. Ба ҳамин далел аст, ки давлатҳои мухталиф бо эътирозҳои мардумӣ ҳамвора дар маърази таҳдидҳои мутаъаддид қарор доштаанд.

Дар ин миён, бояд гуфт, Аскар Акаев, нахустин раисиҷумҳурии Қирғизистон пас аз истиқлоли ин кишвар дар соли 1991, ки ба мунтақидини фасоди иқтисодӣ дар Қирғизистон афзӯда шудааст, худ дар даврони раёсатҷумҳуриаш аз собиқаи чандон мусбате бархӯрдор набудааст. Ба унвони мисол, дар соли 2005, Бермет ва Ҳайдар духтару писари Аскар Акаев, раисиҷумҳури вақти Қирғизистон ҳамзамон ба маҷлиси миллии ин кишвар роҳ ёфтанд. Ҳамин мавзӯи заминаҳои бурӯзи нахустин инқилоб дар Қирғизистонро дар соли 2005 фароҳам кард.

Дар ҷараёни “Инқилоби лолаҳо” даҳҳо тан ҷони худро аз даст доданд ва Аскар Акаев аз Қирғизистон фирор кард ва ба Русия паноҳанда шуд. Баъд аз Инқилоби лолаҳо, имтиёзи намояндагии маҷлис аз духтар ва писари Аскар Акаев низ лағв шуд. Алайҳи Ҳайдар парвандаҳои ҷиноӣ бо иттиҳомҳои ихтилос дар буҷети давлат ва сӯиистифода аз амволи шахсии дигарон бо зӯр ва таҳдид ташкил шуд. Дар айни ҳол, Одил Турғунбоев, ки дар он замон шавҳари Бермет, духтари Аскар Акаев буд, низ ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ,фасод ва ихтилос муттаҳам шуд. Дар ҳақиқат, бояд гуфт, вуҷӯди фасод дар Қирғизистон ба ҳадде расидааст, ки мақомҳои баландпояи ин кишвар ҳамзамон бо фасод ва олӯдагӣ дар масоили молӣ, талош мекунанд бо ин падидаи шум муқобила кунанд. Ҳамин мавзӯ мӯҷиб мешавад, тарҳҳо ва иддеаҳои муқобила бо фасоди молӣ дар Қирғизистон ба шикаст мунҷар шавад. Дар ин замина, дар соли 2018 Бакит Торобаев, раиси ҳизби порлумонии “Онугуу-Прогресс”-и Қирғизистон ва коршиноси иқтисодии ин кишвар бо ишора ба боздошти муовини вазири ҳамлу нақли вақти Қирғизистон ба далели фасоди молӣ, пешниҳоди муаррифии сиёсатмадорони ҷавонро барои мақомҳои давлатӣ матраҳ кард. Вай ва ҳамфикрони ин коршинос бар ин бовар буданд, ки нерӯҳои ҷавон ба мушкилоти молӣ олӯда нестанд ва метавонанд кишварро аз ин буҳрони хатарнок ба саломат ба сарманзили мақсӯд бирасонанд.

Ин коршиноси барҷастаи қирғиз, дар замоне, ки Сооронбай Жээнбеков, раисиҷумҳури вақти Қирғизистон тоза зимоми умури кишварро ба даст гирифта буд, дар суханоне дар саҳни Маҷлиси миллӣ эълом кард: Давлат ба хубӣ кор намекунад ва дастурҳои Маҷлиси миллӣ низ риоят намешаванд. Ба ҳамин далел, хонатаконӣ дар ниҳодҳои давлатӣ барои пок кардани система аз мақомҳои фосид лозим аст.

Дар ҳамин иртибот, бисёре аз коршиносони сиёсӣ ва иқтисодӣ, пас аз амният, муҳимтарин авлавияти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қирғизистонро шафофият ва мубориза бо фасод унвон мекунанд. Бавижа, ки ин амр метавонад нуктаҳои калидӣ барои дигар ҳавзаҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвари фақири Осиёи Марказӣ он талаққӣ шавад. Албата перомуни равишҳои гузор ба як сохтори шаффофу шеб анҷоми ислоҳот дар Қирғизистон, мавориди ихтилофи ҷиддӣ миёни мақомҳои Бишкек ва ҳамчунин коршиносони иқтисодии ин кишвар кам нестанд.

Дар ин шароит, бояд гуфт, масъалаи фасод ва ришвахорӣ яке аз муҳимтарин мавонеъи дастёбии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бавижа Қирғизистон ба тавсеъаи иқтисодӣ маҳсӯб мешавад. Ин масъала бавижа дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки сохторҳои иҷроӣ дар он мубтанӣ бар равишҳои суннатии давраи Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ аст ва раванди давлат – миллатсозӣ ҳамчунон масири зиёде барои эҷоди як давлати баромада аз миллате бо ҳувияти муштарак дорад, абъоди густардатаре меёбад. Бо вуҷуди тамомии фарозу нашебҳои мавҷӯд, бояд гуфт: Давлатмардони Қирғизистон роҳи душворе барои ғолиб омадан бар фасоди сохторӣ дар ин кишварро пеши рӯ доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад