Сафари расмии раисҷумҳури Қазоқистон ба Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои қазоқистонии хешро дар фурудгоҳи Душанбе истиқбол кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи Душанбе аз Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадааст, истиқбол кард.

Ду раисҷумҳур дар нахустин дидор дар бора сатҳи кунунии ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷорӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва фарҳанги омӯзишӣ ва дурнамоии густариши муносиботи дуҷониба баҳсу табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар кохи берун аз шаҳри раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб дар шимоли шаҳри Душанбе маросими шом ба ифтихори раисҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.

Қарор аст дидор ва гуфтугӯҳои расмии мақомоти ду кишвар ва ҳайатҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз оғоз гардад.

Дар 3 моҳаи аввали имсол тиҷорати дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қазоқистон 271  миллион доллар будааст. Қазоқистон яке аз шарикони аслии тиҷорӣ ва иқтисодии Душанбе аст ки дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар соли 2020 милодӣ баъд аз Русия дар рутбаи дувум қарор гирифт.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад