Кашфи се корхонаи бузурги тавлиди кокаин дар ҷангалҳои Боливия

Полиси Боливия аз кашф ва аз байн бурдани се корхонаи бузурги тавлиди модаи мухаддири кокаин дар ҷангалҳои ин кишвар хабар дод .

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерс”, мақомоти амниятии Боливия аз кашф ва новбуд кардани се корхонаи бузурги тавлиди модаи мухаддири кокаин дар ҷангалҳои ин кишвар хабар доданд .

Бар асоси ин гузориш, полиси Боливия бо эъломи ин хабар гуфт , ки ин се корхонаи бисёр бузург, дар маҷмӯъ қобилияти тавлиди 910 килограм кокаин дар рӯзро дошта ва ба сӯрати пинҳонӣ дар се минтақаи паркҳои ҷангалии миллии устонҳои “Бенни”, “Чукабама” ва “Санта Крузи Ҷанубӣ” машғӯл ба фаъолият будаанд .

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири дифои иҷтимоӣ Боливия зимни тайиди ин хабар, аз кашфи дастикам 7400 килограм кокаин дар ин кишвар тайи чаҳор моҳи ахир хабар дод .

Вай гуфт : мо дар ҳоли анҷоми амалиёти густардае дар қаламрави худи ( Боливия) ва манотиқи марзӣ ва манотиқи дигаре ки пештар даргирӣ бо картелҳои маводи мухаддир дар онҷо надоштаем ҳастем .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад